Қимати сӯзишворӣ дар кишвар: Газ каме арзону бензин боз гаронтар шуд
Нархи гази моеъ 30 – 40 дирам поён шуда, вале дар ин миён арзиши бензин боз 30 дирам тағйир ёфта то ба 10, 8 сомонӣ расидааст.
Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Sputnik،Дар шаҳру навоҳии Суғд давоми ду-се рӯзи охир тағйирёбии нархи маводи сӯхт мушоҳида мешавад.
Бино ба нархномае, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ нашр намудаанд, поёнравии арзиши гази моеъ ва афзоиши қимати бензин мушоҳида мешавад.
Ҳоло нархи гази моеъ ба 7,5 ва дар баъзе ҷойҳо то ба 7,4 сомонӣ коҳиш ёфтааст, вале қимати бензин, баръакс то 30 дирам боло рафта, бензини навъи АИ 92 ба 10 сомонӣ ва АИ 95 то ба 10, 8 сомонӣ дакка хӯрдааст.
Як ҳафта қабл дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Суғд нархи гази моеъ 7-8, бензини навъи АИ 92 9,8 ва
Дар ин миён нархи сӯзишвории дизелӣ бетағйир, 9,3 сомонӣ боқӣ мондааст.
Яке аз фурӯшандаҳои ширкати чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба сабаби гароншавии нархи бензинро шарҳ дод. Ӯ гуфт, тағйирёбии нарх аз воридоти он вобаста аст, ки ба ин ширкатҳои яклухтфурӯшӣ машғуланд.
“Агар ширкатҳои яклухтфурӯшӣ бо нархи арзон дастрас кунанд, нархи фурӯши чакана ҳам поён меравад. Барои мисол, дар чанд рӯзи охир газ аз он ҳисоб арзон шуд, ки қимати воридотии ҳар тоннаи он поин рафт. Бензин барои он қиматтар шуд, ки бо нархи нисбатан баландтар ворид шуда истодааст”,-гуфт фурӯшандаи нуқтаи таъминоти сӯзишворӣ.
Соли ҷорӣ нархи ҳама гуна маводи сӯхт ба таври бесобиқа боло рафт. Қимати газ ба 8, сӯзишвории дизелӣ ба 9 ва бензин ба 10 сомонӣ расид .
Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ як литр гази моеъ 4,5, бензин ва сӯзишвории дизелӣ 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷ, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилои идораи гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ, 180 ҳазор тонна бензин ва бештар аз 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, болоравии қимати сӯзишворӣ ба афзоиши арзиши тамоми хидматрасониҳо ва маводи ғизоӣ боис хоҳад шуд.
Нишондоди авввали таъсири афзоиши қимати сӯхт дар кишвар гароншавии ҳаққи хадамоти васоили нақлия, қимати орд ва дигар маводи ғизоӣ аст, ки феълан идома дорад.