Табодулоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон
(last modified Wed, 29 Sep 2021 07:53:15 GMT )
Сентябр 29, 2021 12:53 Asia/Dushanbe
  • Табодулоти тиҷории Тоҷикистон бо Афғонистон
    Табодулоти тиҷории Тоҷикистон бо Афғонистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ин кишвар дар моҳи август бо Афғонистон 12 миллиону 300 ҳазор доллар табодулоти тиҷорӣ доштааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ҳамчунин бар асоси омор, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Афғонистон 64 миллиону 500 ҳазор доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 афзоиши 22 дарсадиро нишон медиҳад.

Аз ин мизон 63 миллиону 500 ҳазор доллар арзиши маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон будааст.

Ҳамчунин дар ин муддат 1 миллион доллар низ арзиши колоҳои воридотии Афғонистон ба Тоҷикистон буд.

Барқ низ саҳми 90 дарсадӣ аз мизони кулли содироти Тоҷикистон ба Афғонистон дорад.

Бар асоси тавофуқи мақомоти ду кишвар, Тоҷикистон мутааҳҳид шудааст имсол 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ ба Афғонистон содир кунад, ки ин амр бо вуҷуди тасаллути Толибон бар Афғонистон ҳамчунон идома дорад.