Сентябр 29, 2021 22:00 Asia/Dushanbe
  • Қатъи ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозода

Ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 8, Сафарзода Давлат Шариф пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Бино ба гузориши "Садои тоҷикии Радиои Хуросон", ки аз ҷониби Sputnik иқтибос оварда шудааст,Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозодаро пеш аз муҳлат қатъ кард.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, далели қатъи ваколатҳои Сафарзода таъйинаш ба мақоми нав мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қаблан Давлат Сафарзодаро, ки роҳбарии нашриёти "Адиб"-ро ба уҳда дошт, ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин намуда буд.
Маҷлиси вакилони халқи Душанбе инчунин ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 58, Файзуллозода Хуршед Мирзоро қатъ кардаанд. Далелаш таъйин ба мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфта шуд.
Хуршед Файзуллозода қаблан роҳбарии муассисаи давлатии "ТВ Варзиш"-ро ба уҳда дошт.
 

Барчасп