Низомиёни Русия ҷангҷӯёни шартиро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд
(last modified Thu, 30 Sep 2021 07:21:57 GMT )
Сентябр 30, 2021 12:21 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни Русия ҷангҷӯёни шартиро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд

Низомиёни нерӯҳои бузургтарини хушкигарди Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон машқҳо анҷом доданд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, бо истинод ба "Sputnik"Низомиёни Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои нобуд карадни ҷангҷӯёни шартӣ машқҳо анҷом доданд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия.
Низомиёни нерӯҳои бузургтарини хушкигарди Русия, ки дар хориҷ мустақаранд, дар минтақаи кӯҳистонӣ машқи тактикӣ анҷом доданд. Онҳо ҷангҷӯёни шартиро дар канори шаҳр нобуд карданд.
"Тибқи барномаи размоиш, бахши иктишофӣ дастаи созмони ғайриқонунии мусаллаҳро мушоҳида кард, ки бо роҳи кӯҳӣ ба сӯи нуқтаи аҳолинишин ҳаракат мекунад", - омадааст дар иттилоия.
Баъд аз ин нирӯҳо нақшаҳои "ҷангҷӯён" -ро барбод доданд ва зарбаи ногаҳонӣ аз канор заданд. Ҳайати зиреҳпӯшҳои замонавии БТР-82 дастаи роҳзанонро бо оташ бомуваффақият нест карданд.
Гуфта мешавад, ба тирандозони савора инчунин воҳидҳои снайперӣ, ки бо яроқи снайперии 12.7 мм-и "Корд-М" мусаллаҳанд, кумак расонидаанд.

Ёдовар мешавем, низомиёни пойгоҳи низомии 201 мунтазам дар машқҳои сатҳҳои гуногун, аз ҷумла машқҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Моҳи октябр чорабиниҳои нави низомӣ ба нақша гирифта шудаанд. Низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар се машқи муштарак бо ҳайати низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Тоҷикистон доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли ҷорӣ тамриноти бузхург бо ширкати нерӯҳои Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон доир шуд.