Сентябр 30, 2021 19:02 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши мизони фақр дар вилояти Бадахшон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, теъдоди афроди фақир дар вилояти Бадахшон коҳиш ёфтааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коҳиши себаробарии фақр дар вилояти Бадахшон тайи 20 соли ахир хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо мақомот ва мардуми вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ гуфт: Агар дар соли 1999 мизони фақр дар вилояти Бадахшон 97 дарсад буд, ин шохис дар соли 2019 ба 29, 7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Вай афзуд: Арзиши маҳсулоти тавлидӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ низ дар соли 2020 ба 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо соли 2000 ҳудуди 21 дарсад афзоиш дорад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, қарор аст бар асоси барномаи тавсеаи вилояти Бадахшон то соли 2025 ҳудуди 135 тарҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин минтақа иҷро шавад.

Ӯ изҳор дошт, барои иҷрои ин тарҳҳо 4 миллиарду 800 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.