Оилаи иборат аз 21 нафар дар Яғноб хондаву навишта наметавонанд
Октябр 01, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
Сокинони мавзеи баландкӯҳи Яғноби Тоҷикистон мегӯянд, бинобар дурии мактаб аксар фарзандонашон бесавод мондаанд ва хондаву навишта наметавонанд.
Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон،Водии Яғноб дар 120-километрии Душанбе, қалъае дар миёни қаторкӯҳҳои Зарафшон аст. Мардум дар инҷо зиндагии содда доранд. Бо кишоварзӣ ва чорводорӣ рӯз мегузаронанд. Солҳои пеш садҳо ҷаҳонгард барои дидани табиати нотакрор ва ҷазираи яке аз шохаҳои бозмондаи забони суғдӣ ба ин ҷо меомаданд. Коронавирус роҳҳоро баст ва чандин оиларо аз даромад бенасиб кард.
Барчасп