дар шаҳри Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид
дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид.
Бино ба гузориши "Радиои тоҷикии Хуросонбех Овози иқтибос аз Шарқ" Дар ҳамоиши мазкур ҷавонони соли таваллуди 1994-2003-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зикр намуд, ки дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор ба сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.