Октябр 02, 2021 23:10 Asia/Dushanbe
  • Дар зиндони нави Ваҳдат тафтиши латукӯби Сайфуллозода шурӯъ шудааст

Як манбаъи Паём аз зиндон гуфт, ки Мансур Умаров бо чанд муовинаш ҳамроҳ бо кормандони созмонҳои кӯмакрасони хориҷӣ вориди зиндони нави Ваҳдат шудаанд.

Бино ба иттилои Радиои "Садои Хуросон",То расидани онҳо ба зиндон, маъмурияти зиндон аз зиндониҳои сиёсӣ хоҳиш кардааст ба хонаҳояшон занг зананд. 

Ҳамчунин маъмурони зиндон қабл аз расидани ҳайатҳо бо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Раҳматуллоҳи Раҷаб гуфтугӯ кардаанд. Мӯҳтавои ин гутфугӯ маълум нест, аммо манбаъ мегӯяд ба зиндонбонҳо амр шудааст бо зиндониёни сиёсӣ муомилаи нарм дошта бошанд ва ба дархостҳояшон расидагӣ кунанд. 

Ҳамчунин ин манбаъ гуфт ҳамла ба рӯзноманигори 70-сола қаблан тарҳрезишуда буда, бо фармони раҳбарияти зиндон сурат гирифтааст. Ӯ гуфт Аслиддин Турсунов ҳеҷ беморие надошт, аммо бо фармони раҳбарияти зиндон ба бахши санитарӣ гузаронда шуд. Ба гуфтаи ӯ чанд бор шоҳид шудааст, ки Турсунов ҳамеша аз паси Сайфуллоҳзода мегардад.

“Агар ҳамла ба Сайфуллозода расонаӣ намешуд, шояд ӯро мекуштанд ва ба ду нафари дигар ҳам ҳамла мекарданд”, — гуфт ӯ.

Ба суоли мо дар бораи ин ки оё байни ҳайатҳои воридшуда ба зиндон кормандони додситонӣ ҳам ҳузур доштанд ё на, манбаъ гуфт ҳамаи омадаҳо бо либоси мулкӣ буданд ва ташхис додани ҷои корашон имкон надорад. 

Гуфтанист, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, рӯзноманигори зиндонии 70 сола, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ ва собиқ сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” дар зиндон шоми 29 сентябр мавриди ҳамла қарор гирифта ва дар беморхонаи он бистарӣ шудааст.

Барчасп