Ҷойгиркунии даъватшавандагон дар минтақаҳои "Варох ва Чаркоҳ"
Октябр 02, 2021 23:23 Asia/Dushanbe
Ворух ва Чоркӯҳ нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбиро 100 фоиз иҷро карданд.
Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон,Дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рўзи нахустини маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишуда пурра ва саривақт иҷро шуд, хабар медиҳад .
- Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд.
- «Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад», — гуфтааст Баҳоваддин Баҳодурзода.
Дар фарҷом модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газониданд.
Барчасп