Октябр 03, 2021 14:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон

Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол ҳудуди 1 миллёрд доллар коло содир карда, ки ин мизон 2 баробари соли гузашта аст .
Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ то июли имсол 3 миллиарду 550 миллион доллар будааст, ки 44.7 дарсад бештар аз нишондоди замони мушобеҳи соли 2020 милодӣ аст .
Беш аз ниме ( 53 дарсад ) аз содироти Тоҷикистон сангҳову фулуззоти гаронбаҳо ва нимақиматӣ буда ба арзиши 709 миллион доллар буд .
Ин мизони 2.3 баробар бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст .
Воридоти коло дар ин муддат низ 2 миллиону 218 миллион доллар баровард шуда, ки 27 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли 2020 буд .
Тоҷикистон бо 112 кишвар низ дар ин муддат доду ситади тиҷорӣ доштааст.
Шарики асосии тиҷории Тоҷикистон таи ин муддат Швейтсария будааст, арзиши табодулоти тиҷории ду кишвар 723 миллион доллар эълом шуд.

 

Барчасп