Вазири энержии Тоҷикистон: Ҳамкории Эрон арзишманд аст
(last modified Tue, 08 Nov 2016 05:01:20 GMT )
Ноябр 08, 2016 10:01 Asia/Dushanbe
  • Вазири энержии Тоҷикистон: Ҳамкории Эрон арзишманд аст

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт: "Ҳамкорӣ бо Эрон ба вижа дар ҳавзаи энерживу санъату обу барқ барои мо бисёр арзишманд аст".

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Усмоналӣ Усмонзода дар ҳошияи иҷлоси камиссиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар сохти нерӯгоҳ ва садди "Сангтӯда -2" имтиёзи зиёде барои Тоҷикистон дорад ва сохти нақби Анзоб боис шудааст ки иртиботи шимол ва ҷануби Тоҷикистон, ба вижа дар фасли зимистон ба хубӣ барқарор шавад.

Усмонзода гуфт, тарҳҳои зиёде барои тавсеаи санъату обу барқи Тоҷикистон матраҳ аст ва ширкатҳои эронӣ ҳам дар ин замина тавонмандиҳои хубе доранд.

Вазири энержии Тоҷикистон таъкид кард, дар се соли ахир шароити хубе барои сомондиҳии мутолиботи Эрон аз иҷрои ду тарҳи нақби Анзоб ва садди нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар қарордодҳои ҳамкории ду кишвар фароҳам шудааст.

Ин вазири тоҷик гуфт: "Ҳадафи мо афзоиши зарфиятҳои тавлиди энержӣ аст ва ҳамакнун 5500 мегават барқ тавлид мекунем, ки 120 мегавати он дар нерӯгоҳи "Сангтӯда-2", ки бо ҳамкории эрониҳо сохта шудааст, тавлид мешавад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба мавқеияти матлуби Тоҷикистон аз лиҳози захоири обӣ барои тавсеаи энержии барқӣ-обӣ дар Осиёи Марказӣ афзуд:"Дар оянда метавонем шабакаи барқи худро ба шабакаи барқи Эрон муттасил кунем".

Вазири энержии Тоҷикистон барои ширкат дар ёздаҳумин иҷлоси увмиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Теҳрон-Душанбе ба Эрон сафар кардааст.