Чангу ғубору борон дарТоҷикистон
Дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон ҳавои пур аз чангу ғубор идома меёбад ва дар Суғд борон меборад.
Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросон аз истинод ба Sputnik،Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм, аммо дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Водиҳои ин вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳанд шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво ин вилоят бошад, шабона 2-3 сардӣ ва рӯзона 10+15 гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Вилояти Хатлон ҳавои камабру тағйирёбанда хоҳад дошт. Чангу ғубор дар Хатлон боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 22-27, дар доманакӯҳҳо шабона 4-9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.