Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро кам карду ба Қирғизистон дод
Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистонро кам кард ва фурӯши онро ба Қирғизистон шурӯъ кард.
Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросон аз истинод ба Sputnik،Ба ин кишварҳо нерӯи барқи Тоҷикистон тавассути хатҳои интиқоли барқи пасти 110 кВ дар шакли коҳишёфта таъмин карда мешаванд. Масалан, як рӯз пеш, 3 октябр ба Афғонистон 660 ҳазор кВт-соат интиқол дода шуд. Ин нишондиҳанда ба Ӯзбекистон ба 827 ҳазор кВт-соат рост меояд.
Қаблан ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон гуфта буданд, ки тибқи созишнома, дар баҳор-тобистони соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон тақрибан 1,5 миллиард кВт-соат нерӯи барқ содир мешавад. Қарор буд, ба ҳамин миқдор ба Афғонистон интиқол шавад.
Ҳамзамон ба гуфтаи ин манбаъ, Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон оғоз кардааст.
Ба иттилои манбаъ, содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон бинобар паст будани сатҳи обанбори Токтогул ва ниёзи ҷумҳурии ҳамсоя ба нерӯи барқ сурат мегирад.
"Ҳаҷми содироти барқ ба ин кишвари ҳамсоя дар як шабонарӯз беш аз 1,2 миллион кВт-соат аст.
Бахши энержӣ ҷузъиёти интиқоли нерӯи барқ ба Қирғизистон, аз ҷумла арзиши нерӯи барқи содиротӣ ва замони интиқолро расонаӣ накардааст.
Хариди нерӯи барқ аз Тоҷикистонро рӯзи 1-уми октябр вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Доскул Бекмурзаев тасдиқ кард.