Октябр 06, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони ҳамоиши сармоягузории « Душанбе Инвест-2021 »

Ҳамоиши байналмиллалии сармоягузорӣ « Душанбе Инвест-2021 » 13 октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс ва бар асоси гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон, ҳамоиш бо ибтикори шаҳрдории Душанбе ва бо ҳадафи ҷазби сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ барои тавсеъаву афзоиши бахшҳои мухталифи иқтисодии кишвар барпо мешавад .
Дар ин ҳамоиш иҷлосҳои мухталифе дар мавриди ҷустуҷӯи фурсатҳои сармоягузорӣ дар заминаи саноъат, энержӣ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл ва тавсеъаи содирот баргузор мешавад .
Ин ҳамоиш дар чорчӯби эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 барпо хоҳад шуд .
Маҳалли барпоии ин ҳамоиши байналмиллалӣ Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп