Октябр 06, 2021 16:47 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Душанбе-мизбони ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистону Ҳоланд

Утоқи бозаргонӣ ва саноъати Тоҷикистон аз баргузории ҳамоиши тиҷории намояндагони ширкатҳои кишоварзии ин кишвар ва Ҳоланд дар шаҳри Душанбе хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бинобар гузориши утоқи бозаргонӣ ва саноъати Тоҷикистон, ин ҳамоиши 10 то 13 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Пайдо кардани фурсатҳои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ бо кишоварзони ҳоландӣ ва тақвияти зарфияти кишоварзии Тоҷикистон аз аҳдофи баргузории ин ҳамоиш эълом шудааст.
Қарор аст дар ин ҳамоиши тиҷорӣ намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва Утоқи бозаргонӣ ва саноъати Тоҷикистон, сафири Ҳоланд дар Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои ҳоландӣ суханронӣ кунанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп