Октябр 07, 2021 18:34 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт

Сафари кории президент аз маркази вилоят шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

Бино ба гузориши "Радиои тоҷикии Садои Хуросон"، мақсади сафари кишвардор, иштирок дар тантанаҳои  бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти , ифтитоҳи як қатор иншооти , суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон баробари ворид шудан ба , нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Ҳадаф аз тачдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири хизматрасонӣ барои мусофирон гуфта мешавад..
Ҳамзамон дар ин макон суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, раисиҷумҳур ба ҳар яки ин онҳо туҳфаҳо - сару либос ва маблағи пулӣ тақдим кардааст.
Эмомали Раҳмон ҳамзамон бинои нави аэровокзали фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро низ расман ба истифода додааст, ки он бо арзиши 220 миллион сомони аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.
Гуфта мешавад, бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ карда шавад.

 

Барчасп