Афзоиши теъдоди бехонумон дар Суғд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75096-Афзоиши_теъдоди_бехонумон_дар_Суғд
Дар ҳудуди вилояти Суғд тақрибан 500 нафар бехонумон муайян карда шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 07, 2021 20:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди бехонумон дар Суғд

Дар ҳудуди вилояти Суғд тақрибан 500 нафар бехонумон муайян карда шуданд.

Бино ба гузориши Радиои Тоҷикистон Садои Хуросонбе, ки ба нақл аз "Азия Плюс"، Дар ин бора дар нахустин таҳқиқот атрофи будубоши бесарпаноҳон, ки дар вилояти Суғд гузаронида шуд, гуфта мешавад.
Ин таҳқиқот аз суйи ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” бо кӯмаки Фонди ҷамъиятии “Нотабене” ва гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон анҷом ёфт. 
Муаллифони таҳқиқот байни 100 нафар аз афроди бехонумон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов пурсишҳо гузаронида паҳлӯҳои гуногуни зиндагии онҳоро ифшо кардаанд.

  • Баҳринисо Абдураҳмонова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” дар ҳамоише дар Хуҷанд, ки ба риояи ҳуқуқи инсон ба хусус афроди бесарпаноҳ бахшида шуда буд, гуфт, шумораи ин гурӯҳ сол аз сол дар ҳоли зиёдшавист.
  • Вай афзуд:Ин афрод ба далели муноқишаи оилавӣ, фурӯхтани хона дар пайи мушкилии иқтисодӣ, қарздорӣ аз бонкҳо, баъди озод шудан аз маҳбас ва баъди юаромадан аз хона - интернатҳо бепаноҳгоҳ мондаанд.
  •  Баҳринисо Абдураҳмоновагуфт:Бештари ин гурӯҳ аз сабаби бесаводӣ ва тангдастӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд ва аз ин рӯ  наметавонанд ёрии тиббӣ бигиранд. Онҳо бар асари бемориҳои музмин ва сироятӣ аз қабили ВИЧ/СПИД, гепатит, сиррози ҷигар, сил ҷавон мемиранд”, - гуфт Абдураҳмонова،Рӯзе 10-30 сомонӣ пул меёбанд.

Ин таҳқиқот нишон дод, ки аксари бесарпаноҳон дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, кафшергарӣ, челонгарӣ, тиҷорат, хизматрасонии маишӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ронандагӣ таҷриба доранд. Ҳатто 78% онҳо қаблан соҳиби ҷойи кор будаанд, вале бо сабабҳои гуногун аз ҷойи кори худ маҳрум шуданд. Танҳо 11%  ҷойи кори доимӣ доштаанд. Бесарпаноҳон гуфтаанд, дар як рӯз аз 10 то 30 сомонӣ ва зиёдтар аз он маблағ кор мекунанд.

  • Шоира Собирова, ҳомии ҳуқуқи инсон ва яке аз ташаббускорони ин таҳкикот дар суҳбат ба  гуфт, тибқи барӯйхатгирии умумии аҳолӣ дар соли 2010, танҳо 1 нафар бесарпаноҳ дар вилояти Суғд расман ба қайд гирифта шудаасту халос.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, давоми ду соли охир танҳо дар шаҳри Хуҷанд 30 нафар аз афроди бехонумон дар кӯчаву гаражҳо ва дигар ҷойҳо фавтидаанд, ки синни миёнаи онҳо 35 сол буд. Аз соли 2020 то нимаи аввали соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 12 нафар бесарпаноҳон дафн карда шуданд.