Октябр 09, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • 17 октябр, рӯзи баргузории ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард дар нимаи дувуми моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон, ҷашнвора ва намоишгоҳи асал, маҳсӯлоту таҷҳизоти кишоварзӣ ва шолӣ баргузор мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс аз Душанбе, рӯйдодҳои мазкӯр дар таърихи 17 октябр дар парки фарҳангӣ-истироҳатии Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад . Дар ин намоишгоҳ  беҳтарини навъҳои асал ва ҳамчунин анвоъи мухталифи биринҷ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кишт мешаванд, ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад .
Тибқи ин гузориш дар ҷашни Меҳргон кишоварзон аз саросари Тоҷикистон маҳсӯлоти худ, аз ҷумлаи сабзавоту меваҳоро бо қимати муносиб ба фурӯш мегузоранд . Дар ин ҷашн ҳамчунин ғизоҳои миллӣ ва саноеъи дастии мардуми тоҷик низ ба намоиш гузошта мешавад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистони ҳадаф аз баргузории ин рӯйдодҳоро эҳёи саноеъи дастӣ ва суннатҳои мардуми ин кишвар унвон кардааст . Меҳргон аз соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷашнҳои миллии « Наврӯз », « Сада » ва « Тиргон » ҷашн гирифта мешавад .

 

Барчасп