Ифтитоҳи ду мактаби ҷадид дар ду деҳоти дурдасти Суғд
Дар ду деҳаи дурдасти Суғд ду мактаби нав кушода шуд.
Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, бо истинод ба "Sputnik"، Дар деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таълимии №37 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар дод ҳукумати Суғд.
Ба иттилои манбаъ, муассисаи таълимии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 175 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст. ва 20 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегӯянд.
Таъкид шудааст, ки сохтмони мактаби мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сармоягузорӣ шуда, аз ҷониби ташкилоти пудратии "Сохтмон" иҷро гардидаанд.
Мактаби ҷадиди дигар дар деҳаи Обиширини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ ба истифода дода шуд. Муассисаи таълимии мазкур дорои 168 ҷойи нишаст буда, аз 6 синфхонаи таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад.