Ҳушдори Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба ронандагон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба ронандагон ҳушдор дод дар сурати мушоҳидаи муъоинаи фаннии тақаллубии худрав ба шиддат муҷозот хоҳанд шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шодӣ Солеҳзода- муовини мудири умури фаннии худравҳои БДА-и вилояти Суғд гуфт : Ахиран теъдоде аз ронандагон бидуни доштани баргаи муъоинаи фаннӣ бо пардохти пул ба воситаҳо иқдом ба дарёфти баргаҳои тақаллубӣ карданд.
Вай афзуд : Барои ин теъдод аз ронандагон парвандаи қазоӣ ташкил ва ба додгоҳҳо ирсол шудааст.
Шодӣ Солеҳзода таъкид кард: Бар асоси банди 340 қонуни ҷазоии Тоҷикистон ин афрод маҳкум ба пардохти ҷаримаи сангини молӣ ва ё 2 сол зиндон хоҳанд шуд .
Тоҷикистон бештарин мизони ҳаводиси ронандагиро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад .