Октябр 13, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Паёми сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ гуфт: Ин шоири бузург хӯшачини маърифат аз каломи ваҳй аст.

Дар паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон омадааст: Дар гоҳшумории Ҷумҳурии исломии Эрон, 20 меҳр ба унвони рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ - бузургтарин ғазалсарои порсизабон номгузорӣ шудааст.

Собирӣ афзуд: Ин муносибати фархундаро гиромӣ медорем ва ба тамоми алоқамандони ин шоири гаронмоя ва ба вижа ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик табрик мегӯем.

Собирӣ дар паёми худ гуфт: Ин шоири бузург хӯшачини маърифат аз каломи ваҳй аст ва суханаш илҳомгирифта аз Қуръон, ки ба баракати ҳифзи он мулаққаб ба «Ҳофиз» ва «Лисонулғайб» шудааст. Рамзи абадияти шеъри Ҳофиз ҷовидонагии каломи илоҳӣ аст.

Вай идома дод: Ҳофизи Шерозӣ авҷи қуллаи адаби форсӣ аст, ки ӯро ба ҳаққи ҳофизаи торихӣ ва эътибори адабиёти форсӣ донистаанд ва бахши бузурге аз фарҳанги Эронзамин марҳуни мероси гаронсанг, бебадил, фохир ва мондагори ин шоири арзишманд аст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Талфиқи мазомин ва овардани саноеи гуногуни адабӣ, вайро дар зумраи яке аз бузургтарин ва таъсиргузортарин шоирони Эрон қарор додаву девони ашъорашро мавриди қабули хосу ом сохта ва дар дили ҳар яки эрониён, тоҷикон ва тамоми порсизабонону алоқамандони вай мондагор аст.