Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75400-Дидори_раиси_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_бо_дабири_кулли_Созмони_Ҷаҳонии_Гумрук
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук мулоқот кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 13, 2021 14:11 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссели Белгия бо Куниё Микурия, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор вазъият ва чашмандози феълии ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Гумрук баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи равобит байни Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Гумрук ибрози ризоият кард.

Ӯ таъкид кард, давлати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлол ислоҳотеро дар тамоми бахшҳои тиҷорат, гумрук ва иқтисод иҷро кард.

Дар ин мулоқот дар мавриди иҷрои асноди пазируфташуда дар чорчӯби созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалии содасозӣ ва ҳамоҳангии равияҳои гумрукии КЮТО (1973), Тавофуқномаи тасҳили тиҷорат (2013) ва ҳамоҳангсозии қонуни гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо конвенсиюн низ ройзанӣ шуд.