Таҷдиди назар дар ҳукми ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳи Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75404-Таҷдиди_назар_дар_ҳукми_ҳабси_абади_ду_шаҳрванди_Тоҷикистон_дар_додгоҳи_Қирғизистон
Раиси вилояти Суғд аз баррасии дубораи ҳукми ҳабси абад барои ду сокини ноҳияи Исфара дар додгоҳе дар Қирғизистон хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 13, 2021 14:51 Asia/Dushanbe
  • Таҷдиди назар дар ҳукми ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳи Қирғизистон

Раиси вилояти Суғд аз баррасии дубораи ҳукми ҳабси абад барои ду сокини ноҳияи Исфара дар додгоҳе дар Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Раҷаббой Аҳмадзода гуфт: Тоҷикистон дархости таҷдиди назар дар ҳукми ҳабси абади Абдурозиқ Абдулқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ду сокини ноҳияи Исфараро ба мақомоти қазоии Қирғизистон ироа кард.

Вай афзуд, қарор аст 19 октябр ба ин мавзуъ расидагӣ шавад.

Як моҳ қабл додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон ин ду сокини ноҳияи Исфараро ба иттиҳоми ғоратгарӣ ва ҷиноят алайҳи мардуми ғайримусаллаҳ дар пайи даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи муштараки ду кишвар ба ҳабси абад маҳкум кард.

Дар ин даргирӣ аз ду тараф 56 нафар кушта ва дастикам 300 тан захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед: