Октябр 13, 2021 15:29 Asia/Dushanbe
  • Лоиҳаи ташдиди муҷозоти пиёдагардони хилофкор дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли лоиҳаи нави роҳнамоӣ ва ронандагӣ ба Маҷлиси намояндагон хостори ташдиди муҷозоти пиёдагардони мутахаллиф шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Равшани Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт: Дар кишвар мавриди тахаллуфи пиёдагардон, ки муҷиби вуқӯи ҳаводиси ронандагӣ мешавад, афзоиш ёфтааст.

Вай гуфт: Соли 2020 дар Тоҷикистон 183 ҳазору 132 маврид ҳаводиси ронандагӣ иттифоқ афтодааст, ки дар 35 ҳазору 926 мавриди аз онҳо муқассири обирони пиёда будаанд.

Ӯ афзуд: Зеро ин афрод таваҷҷуҳе ба вуҷуди зергузарҳо, хутути мушаххасшудаи махсуси обирони пиёда ва аломатҳои роҳнамоӣ намекунанд.

Равшани Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт: Аз ин рӯ, бо ислоҳи қонуни роҳнамоӣ ва ронандагӣ қарор шудааст, ки мизони ҷаримаи молии ноқизони қавонини роҳнамоӣ ва ронандагӣ аз 7 сомонии феълӣ ба 30 сомонӣ афзоиш ёбад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп