Маҳдудияти барқ ва тавзеҳи ширкати Барқи Тоҷик
Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст, ки сокинон мегӯянд, танҳо дар соатҳои маҳдуд дар шабонарӯз барқ доранд.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, сокинони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Айнӣ, Файзобод, Мастчоҳ, Кӯшониён, Восеъ ва Ҳамадонӣ эълом кардаанд, ки аз соати 8 субҳ то 17 аср барқ надоранд.
Аммо ширкати давлатии Барқи Тоҷик муддаӣ аст, ки ин иқдом маҳдудияти барқ набуда, идомаи таъмири хутути интиқоли барқ мебошад. Ширкати ёдшуда дар соли 2020 низ далели маҳдудияти интиқоли барқро таъмири хутут ва коҳиши захоири оби пушти садди нерӯгоҳҳои барқи обӣ номида буд.
Далели иҷрои маҳдудияти барқ дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар садди нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешуд, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ин рӯ, дар манотиқи рустоии Тоҷикистон то фасли баҳори имсол маҳдудияти интиқоли барқ идома ёфт.
Гуфта мешавад, ки сокинони ноҳияҳои ин кишвар акнун дар ҳоли захирасозии ҳезум, шамъ ва ангишт мебошанд.
Бештар бихонед:
- Афзоиши 43 дарсадии содироти барқи Тоҷикистон дар шароити маҳдудияти дохилӣ
- Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон дар моҳи Рамазон коҳиш меёбад