Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Боку бо вазири маорифи ҷумҳурии Озарбойҷон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75474
Сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон бо вазири маорифи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 15, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Боку бо вазири маорифи ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон бо вазири маорифи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши манобеи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Рустам Соли, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эмин Амруллоҳ Элдаруғлу, вазири маорифи ҷумҳурии Озарбойҷон дидор кард.

Дар ин мулоқот тарафайн дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои омӯзишӣ ва илмӣ гуфтугӯ карданд.

Ҳамкорӣ дар тавсеаи тарҳҳои омӯзишии муштарак, созмондеҳии ҷаласоти коршиносони ду кишвар ва ҳамчунин тавсеаву иҷрои абзорҳои ҷадиди иртиботӣ аз дигар мавзӯоти матраҳшуда дар ин дидор буд.