Размоиши муштараки СПАД дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ размоиши муштаракеро дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон баргузор мекунад.
Ҳамзамон бо таъкиди Русия ва ҳампаймонони он дар Осиёи Марказӣ, дар бораи хунсо кардани таҳдидоти билқувва аз ҷониби Афғонистон, кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ размоиши муштаракеро дар наздикии марзи Афғонистон - Тоҷикистон баргузор мекунанд.
Ин размоиши 2 рӯза қарор аст 30 меҳр (22 октябр) оғоз шавад ва низомиёни кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус дар он ширкат хоҳанд кард.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ҳам дар нишасти маҷозӣ бо руасои хадамоти амниятӣ ва иттилоотии кишварҳои мустақили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бар аҳамияти боло бурдани сатҳи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомоти ин созмон, ба вижа барои хунсосозии таҳдидоти эҳтимолӣ аз ҷониби хоки Афғонистон таъкид кард.