Ноябр 09, 2016 10:02 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Бонки ҷаҳонӣ аз коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик

Бонки ҷаҳонӣ аз коҳиши 22 дарсадии даромади ирсолии коргарони тоҷикистонии муҳоҷир ба Русия ибрози нигаронӣ кардааст.

Сайти Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки даромадИ ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон дар шаш моҳи нахусти соли 2016 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи порсол 22 дарсад коҳиш ёфтааст, ки ин мавзуъ ҷои нигаронӣ дорад.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ, ки бо унвони “Тоҷикистон ва сатҳи зиндагии мардум” мунташир шуда, таъкид кардааст, ки манбаи аслии таъмини маишати хонаводаҳо дар Тоҷикистон даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия аст ва коҳиши ин даромад бар сатҳи зиндагии хонаводаҳои ин кишвар таъсири номатлубе хоҳад гузошт.

Ин дар ҳолест, ки Бонки марказии Русия мизони коҳиши даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро дар шаш моҳи нахусти имсоли 14 дарсад унвон ва эълом кардааст, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин муддат ба кишварашон 598 миллион доллар ирсол кардаанд.

Бо ин ҳол мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо радди омори Бонки марказии Русия, ҳамон коҳиши 22 дарсадиро, ки дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ба он ишора шудааст, тайид мекунанд.

Бар асоси гузориши хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати кишвари Русия, имсол ҳудуди як миллион коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба кор машғуланд.