Муҳокимаи 5 қочоқчии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе
(last modified Sun, 17 Oct 2021 10:04:26 GMT )
Октябр 17, 2021 15:04 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи 5 қочоқчии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе

5 қочоқчии маводи мухаддир дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокима мешаванд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, ин афрод муттаҳам ба қочоқи 500 килограм моддаи мухаддир ҳастанд .
Як нафар аз ин гуруҳи 6 нафара шаҳрванди Узбекистон аст . Синни аъзои ин гуруҳ байни 23 то 57сол эълом шудааст.
Мақомоти полиси шаҳри Душанбе мегӯянд ин гуруҳ чанд соле аст, ки маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ қочоқ мекунанд.
Ба гуфтаи мақомоти полиси Тоҷикистон  ҳангоми дастгирӣ аз ин афрод 79 килограм героин, 169 килограм тарёк ва 225 килограм кукнор кашфу забт шудааст. Арзиши ин миқдор маводи мухаддир 6 миллион доллар эълом шуд.
Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ 6 худрав ба қимати 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ, хона, вила ва дигар амволи ин гуруҳ ба арзиши молии 50 миллион сомонӣ ҳам тавқиф шудааст.