Октябр 17, 2021 17:07 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши дубораи қимати сӯхт дар Тоҷикистон

Намояндаи ширкати Газпромнафт дар Тоҷикистон аз эҳтимоли афзоиши дубораи қимати сӯхт(сӯзишворӣ) хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар нимаи моҳи октябр қимати ҳар литр бензини навъи 95 байни 10 сомониву 80 дирам то 11 сомониву 10 дирам ва солярка байни 9 сомониву 20 дирам то 9 сомониву 60 дирам буд, ки ба гуфтаи масъӯлони ширкатҳои таъминкунандаи сӯхт эҳтимоли афзоиши дубораи қимат вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи онҳо дар кишварҳои содиркунандаи сӯхт ба Тоҷикистон аз ҷумла Русия,Қазоқистон ва Узбекситон қимати бензин ва солярка дар ҳоли афзоиш аст .
Дар шаҳри Душанбе низ ба иллати гарон шудани сӯхт кирояи роҳ барои мусофирони маршруткаҳо ва таксиҳо ҳам 50 дарсад афзоиш ёфт .
Гуфта мешавад, ки таи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон 449 ҳазору 777 тон сӯхт аз ҷумла 246 ҳазор тон солярка ба арзиши молии 143 миллиону 514 ҳазор доллар ва 185 ҳазор тон бензин ба арзши 114 миллиону 900 ҳазор доллар ворид кардааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп