Набуди мавриди ҷадиди COVID-19 дар Тоҷикистон
Октябр 18, 2021 10:59 Asia/Dushanbe
Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.
Бино ба навиштаи сомонаи «Ховар», дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 17 октябр дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Бештар бихонед: