Иҷро нашудани тарҳҳои энержии Тоҷикистон тайи солҳои 2015 то 2020
Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон иллати иҷро нашудани тарҳҳои энержии ин кишвар тайи солҳои 2015 то 2020 -ро тавзеҳ дод.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», аз дидгоҳи ин вазорат иллати умдаи иҷро нашудани ин тарҳҳо камбуди манобеи молӣ ва қарзи калони ширкати давлатии Барқи Тоҷик мебошад. Зеро тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ мизони қарзи ин ширкат ба 2 миллиарду 700 миллион доллар расидааст.
Ҳамчунин Сандуқи Байналмилалии Пул барои Тоҷикистон ба далели боло будани қарзи хориҷии ин кишвар маҳдудияти дарёфти вомҳои ҷадид эъмол кардааст, ки монеи ҷазби сармояи хориҷӣ барои тарҳҳои энержӣ мешавад.
Ба ин далел, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 256 миллион доллар расидааст, ки баробар бо 38,2 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар мебошад.
Бо ин ҳол зарфияти тавлиди барқ дар сол дар Тоҷикистон 5 ҳазору 800 мегаватт унвон мешавад.
Ҳамчунин тавлиди рӯзонаи барқ 54 миллион киловатт соат ва қимати ҳар киловатт барқ барои бахши хонагӣ 22,6 дирам аст, ки муодили 2 сент аст.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон хостори тавваҷуҳи Созмони Милал ба захоири энержии барқи обии ин кишвар шуд
- Фарзанди вазири собиқи энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон таҳти пайгард қарор гирифт