Октябр 19, 2021 17:02 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Маҳмадмурод Одинаев бо тарҳи Комиссияи афви умумии Тоҷикистон

Муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон, ки ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст, пешниҳоди Комиссияи афви умумии ин кишварро барои эътироф ба иттиҳомаш дар баробари тахфифи муҷозот рад кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, Маҳмадмурод Одинаев гуфтааст, ки худро бар асоси банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар хусуси даъват ба анҷоми аъмоли ифротигарӣ ва авбошӣ муттаҳам намедонад ва бояд бидуни қайду шарт озод карда шавад.

Комиссияи давлатии авфи умумии Тоҷикистон низ эълом кард, ки сарфи назар аз мухолифати Одинаев бо пешниҳоди ин ниҳод, муддати маҳкумияти вай ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон 3 сол коҳиш дода шуд.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ 28 январи соли ҷорӣ Маҳмадмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистонро ба иттиҳоми авбошӣ ва таҳрики афкори умумӣ ба баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ ба 14 соли зиндон маҳкум карда буд.

 

Ҳамчунин Ҳабибуллоҳ Ризоев, писари Маҳмадмурод Одинаев ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ ба иттиҳоми авбошӣ маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, ки Маҳмадмурод Одинаев дар додгоҳ иттиҳомот алайҳи худро рад кардаву ҳукми худро ғайриодилона хонда буд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп