Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон авзоъи Афғонистонро баррасӣ кард
(last modified Thu, 21 Oct 2021 05:34:37 GMT )
Октябр 21, 2021 10:34 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон авзоъи Афғонистонро баррасӣ кард

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон авзоъ дар Афғонистонро вахим арзёбӣ кард.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, равобити умумии ин кумита эълом кард, ширкаткунандагон дар нишасти масъулони хадамоти амниятии Эрон, Покистон, Узбекистон, Чин, Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар нишасти 20 октябр дар шаҳри Душанбе авзоъи Афғонистонро буҳронӣ, арзёбӣ карданд.

Дар нишасти аз ҷазби ҷавонони миллиятҳои мухталиф ба суфуфи гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ибрози нигаронӣ шуд.

Ширкаткунандагон дар нишасти Душанбе бар зарурати ташкили давлати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури намояндагони тамомии ақвом ва миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва мазҳбии ин кишвар таъкид карданд.

Ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дархост шуд, ки барои барқарории субот ва амният дар ин кишвар ба таври муштарак иқдом кунанд.