Октябр 21, 2021 12:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Ҷумҳурии Чехия дар Душанбе бо муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии Чехия дар Душанбе устуворномаи худро ба муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Ба гузориши Ховар, сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватслав Йилек нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи  ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Тарафайн фаъол намудани абзорҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодиву саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия муҳим шумориданд.

 

Барчасп