Октябр 21, 2021 14:09 Asia/Dushanbe
  • Боздошти веблогнависи тоҷик дар Маскав

Веблогнависи тоҷик дар Русия дастгир шуд.

Ба гузориши сомонаи Топ тҷ, пулиси шаҳри Маскав Руслан Бобоевро ба далели интишор акси таҳрикомез дар фазои маҷозӣ боздошт кард.

Дар парвандаи қазоии Бобоев тавҳин ба эҳсосоти мазҳабӣ қайд шудааст.

Қарор аст, додгоҳи Маскав 28 октябр ба ин парванда, расидагӣ кунад.

Мумкин аст, Бобоев ба далели интишори ин акс ба як сол зиндон маҳкӯм шавад.

Ӯ пас аз боздошти бобати интишори ин акс узрхоҳӣ кард.

 

Барчасп