Баргузории ҳамзамони се размоиш дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 21 Oct 2021 14:42:18 GMT )
Октябр 21, 2021 19:42 Asia/Dushanbe
  • Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ се размоишро аз рӯзи 18 то 23 октябр дар Тоҷикистон дар дастури кор қарор додааст
    Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ се размоишро аз рӯзи 18 то 23 октябр дар Тоҷикистон дар дастури кор қарор додааст

Бо вуҷӯди ройзаниҳои мақомҳои аршади давлати муваққати Толибон бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба манзури ҷалби эътимод барои ҳукуматдории ин гуруҳ ба назар мерасад, ки раҳбарони Толибон то кунун натавонистаанд аҳдофи худро таъмин созанд .

Яке аз муҳимтарин далоили беэътимодии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, анҷоми размоишҳои пай дар паии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, размоишҳои муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо Чин ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Осиёи Марказӣ аст .

Дар ҳамин ростоозмони паймони амнияти ҷамъӣ ба раҳбарии Русия ( CSTO ) се размоиши ҳамзамони шашрӯзаро аз рӯзи 18 то 23 октябр дар Тоҷикистон дар дастури кор қарор додааст . Ҳадаф аз баргузории ин размоиш бо унвони " Сарҳад - 2021 " вобаста ба шароити кунунии Афғонистон ва муқобила бо таҳдидҳои воқеъии бархоста аз ин кишвар эълом шудааст . Дар воқеъ ин размоиш, ки аз рӯзи душанбеи гузашта оғоз шудааст то рӯзи шанбеи оянда идома хоҳад дошт .
Размоиши " Сарҳад - 2021 " дар се марҳила баргузор мешавад ва шомили амалиёти муштараки неруҳои Русия ва Узбекистону Тоҷикистон барои нобудии гуруҳҳои террористӣ, нобудии террористҳои нуфӯзкарда ба хоки Тоҷикистон ва тамрин барои муҳофизату дифоъ аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аст .
Дар ин размоишҳову маҷмӯъаи амалиёти низомӣ, ки дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон анҷом мешавад, тавони размии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба манзури муқобила бо ҳамалоти террористии эҳтимолии бархоста аз таҳаввулоти дохилии Афғонистон арзёбӣ мешавад . Беш аз панҷ ҳазор неруии низомӣ, ки бештар аз ниме аз онҳо рус ҳастанд, дар размоиши ҷорӣ ҳузур доранд .
Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки гуруҳи Толибон баъд аз ба даст гирифтани қудрати комил дар Афғонистон маҷмӯъаи неруҳои мусаллаҳи ин кишварро таҳти контроли худ даровардааст . Ин неруҳо аз ҷумлаи шомили 7 сипоҳи артиш,14 типи воҳидҳои вижа ва 200 ҳазор сарбози омӯзишдида ва мусаллаҳ ҳастанд, ки бидуни ҷанг бо Толибон худро ба ниманизомиёни ин гуруҳ таслим карданд .
Ба ҳамин далел бисёре аз коршиносон мегӯянд : Гуруҳи Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст нагирифтанд, балки қудрат ба онҳо вогузор шудааст . Он қадар фаврӣ, ки ҳатто давлати Амрико низ муваффақ ба берун бурдани таҷҳизоти низомии худ аз ин кишвар нашуд . Дар айни ҳол  ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки иқдоми Амрикову муттаҳидини ин кишвар дар заминаи хурӯҷи фаврӣ аз Афғонистон ва тақдими силоҳҳои низомии пешрафтаи худ ба гуруҳи Толибон мумкин аст ба зӯдии заминаҳои баҳрагирӣ аз ин таҷҳизоти тавассути толибонро фароҳам кунад . Ба ҳамин далел аст, ки аъзои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ мудом ба баргузории размоиш дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иқдом мекунанд .

Дар иртибот бо баргузории размоиши шашрӯза дар Тоҷикистон, Ҳоик Ноҳопитиён- коршиноси низомӣ муътақидаст :Ҳадафи аслӣ аз баргузории размоишҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ муқобила бо хатарҳои эҳтимолӣ ва омодасозӣ дар сурати ҳамлаи Афғонистон ба Тоҷикистон аст . ”

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз баргузории размоиши семарҳалаии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон бояд гуфт: Ба рағми гумоназаниҳои давлати муваққати Толибон бо кишварҳои минтақа раҳбарони ин гуруҳ то кунун натавонистаанд эътимоди кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро ҷалб кунанд . Зимни он ки ноамниҳои ҳафтаҳои ахир дар устонҳои мухталифи Афғонистон бар беэътимодии кишварҳои минтақа беш аз пеш афзӯдааст .
Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ, як ниҳоди амниятии минтақаӣ шомили 6 кишвари Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аст, ки нахустин бор дар соли 1992 дар нишасте дар Тошканд таъсис шуд . Бо вуҷуди ин узвияти Узбекистон аз соли 1999 ба ҳолати таълиқ даромад . Аммо пас аз он дар соли 2006 ба узвияти дубораи ин созмон даромад . Дар соли 2012 низ давлати Узбекистон бо эъломи ин ки дидгоҳҳояш аз сӯи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ нодида гирифта мешавад,  бори дигар ба узвияти худ дар ин созмон поён додааст .



Бештар бихонед :