Октябр 22, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Оташсузӣ дар бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Иллати оташсузӣ дар бозори "Баракат"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар дасти баррасӣ аст.

Оташсузӣ талафоти ҷонӣ надошта, вале хисорати молии зиёдеро барҷо гузоштааст.

Бозори “Баракат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бузургтарин бозори масолеҳи сохтумонӣ дар роҳи Хуҷанд – Конибодом аст.

Оташузӣ аз шомгоҳи 21 октябр шурӯ шуд ва амволи чандин тоҷир дар ин оташ сӯхт.

Мақомот ҳанӯз хисорати эҳтимолиро муҳосиба накарданд.

Ҳанӯз иллати оташсӯзӣ мушаххас нест.

Мақомоти Тоҷикистон эҳтимоли "иттисоли симҳои барқ"-ро омили оташсузӣ дар бозор эълом мекунанд.