Октябр 23, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Зарурути эҷоди камарбанди амниятӣ дар навоҳии марзии Тоҷикистону Афғонистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, размоиши кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон посухи муносибе ба таҳдидҳо хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СПАД дар назди Шӯрои СПАД, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки   иштироки шумо ҳамчун нозир дар машқҳои муштараки Неруҳои дастҷамъии вокуниши сареъи СПАД- “Ҳамкорӣ-2021” намунаи равшани мониторинги парлумонии вазъи низомӣ-сиёсии минтақа мебошад, ки барои таъмини амнияти ҳарбии кишварҳои узви созмон нигаронида шудааст.

Ҳадафи аслии тамринҳо нишон додани омодагии неруҳои СПАД барои вокуниш ба таҳдидҳои нав ба нави амниятӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Бинобар рушди номусоиди рӯйдодҳо, вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилоти асосии амният дар минтақа табдил ёфтааст. Мусаллам аст, ки вазъи ин кишвар бевосита ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Афзоиши минбаъдаи ташаннуҷ дар Афғонистон метавонад боиси мушкилоти нав дар минтақаи масъулияти СААД гардад.

Ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар Душанбе, инчунин ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва СПАД оид ба Афғонистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба рушди ташвишовари рӯйдодҳои Афғонистон ҷалб намуд.

Машқҳои кунунии Неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД «Ҳамкорӣ-2021» дар вазъияти душвори ҷаҳон ҷараён доранд, ки равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд.

Иштирокчиёни мулоқот махсус таъкид намуданд, ки  рушди ҳамкории бисёрҷониба бо кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иштирок намуданд.

 

Барчасп