Вокуниши коршиносони тоҷик ба пирӯзии Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i7594-Вокуниши_коршиносони_тоҷик_ба_пирӯзии_Трамп
Маҳфилҳои коршиносӣ ва матбуоти Тоҷикистон ба пирӯзии Доналд Трамп - номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раиси ҷумҳурии Амрико вокуниш нишон доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 09, 2016 15:50 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши коршиносони тоҷик ба пирӯзии Трамп

Маҳфилҳои коршиносӣ ва матбуоти Тоҷикистон ба пирӯзии Доналд Трамп - номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раиси ҷумҳурии Амрико вокуниш нишон доданд.

Ба гузориши хабарнигори Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз Душанбе, Шокирҷон Ҳакимов - муовини ҳизби сотсиал-демократ ва ҳуқуқдони тоҷик гуфт: Тибқи қоида, усули куллии сиёсати хориҷии давлати Амрико бо интихоби раисони ҷумҳурии мухталиф тағйир намекунад ва дар даврони Доналд Трамп низ набояд мунтазири тағйири хоссе дар хатти машйи куллии сиёсати хориҷии Амрико буд.

Ҳакимов афзуд: Тоҷикистон ба далели мавқеияти роҳбурдӣ ва сиёсии хеш дар Осиёи Марказӣ дар меҳвари рақобати Русия ва Чин қарор дорад ва Амрико барои нуфуз дар ин кишвар бо Маскав ва Пекин ба рақобат хоҳад пардохт.

Саъдии Юсуфӣ - коршиноси масоили сиёсӣ низ гуфт, агар Трамп бар асоси ваъдаҳои хеш дар бораи одисозии равобити Амрико бо Русия иқдом кунад ва таҳримҳои Вашингтон зидди Москва бардошта шавад, ин иқдом сабаби беҳбуди авзои иқтисодии кишварҳои муттаҳиди Русия - назири Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ҳамчунин Худойбердии Холиқназар – раиси Пажӯҳишгоҳи роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба пирӯзии Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт: Мардуми Тоҷикистон ба раъйи миллати Амрико эҳтиром мегузоранд.

 Ба гузориши хабаргузории Ховар, Холиқназар таъкид кард, ки Тоҷикистон равобити худро бо давлати нави Амрико бар асоси манофеи дуҷониба танзим хоҳад кард.