Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷети соли 2022 - ро тасвиб кард
Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасте ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон тарҳи буҷети соли 2022 ин кишварро тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», буҷети Ҳукумати Тоҷикистон барои соли оянда 32 миллиарду 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсол 5 миллиарду 100 миллион сомонӣ бештар аст.
Бахши даромади буҷети Ҳукумати Тоҷикистон низ барои соли 2022 ба мизони 33 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо бо буҷети имсол 5 миллиард сомонӣ бештар аст.
Ҳамчунин барои бахши хароҷоти буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда 32 миллиарду 800 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети соли ҷорӣ 18,6 дарсад бештар мебошад.
Гуфта мешавад, ки буҷети соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон бо дар назар гирифтани шароити бемории Ковид - 19 ва зарурати ҳимоят аз қишрҳои осебпазири ҷомеа тадвин шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷети соли 2022 ин кишварро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон ирсол кард.
Бештар бихонед: