Хатари об шудани пиряхҳои табиӣ барои Тоҷикистон
(last modified Tue, 26 Oct 2021 10:36:46 GMT )
Октябр 26, 2021 15:36 Asia/Dushanbe
  • Хатари об шудани пиряхҳои табиӣ барои Тоҷикистон

Донишмандони зистшинос дар бораи авоқиби об шудани пиряхҳои табиӣ ва коҳиши захоири оби рӯдхонаҳои ин кишвар ҳушдор доданд.

Ба гузориши сомонаи «CABAR. Asia», дар Тоҷикистон 8 ҳазор пиряхи табиӣ дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар вуҷуд дорад, ки 19 пиряхи бузург аз ҷумлаи онҳо мебошад ва 80 дарсади оби мавриди ниёзи кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказиро таъмин мекунад.

Бар асоси бароварди донишмандони муҳити зист, дар даҳаҳои ахир як сеюм аз масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво ва интишори газҳои гулхонаӣ об шудааст ва хатари коҳиши 30 дарсадии ин манобеи табиӣ дар ояндаи наздик вуҷуд дорад, ки боиси ихтилол дар фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва маҳдудияти барқ низ хоҳад шуд.

 

Донишмандон пешбинӣ мекунанд, ки тайи 30 то 40 соли оянда имкони об шудани 15 то 20 дарсад аз пиряхҳои табиии Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд бояд партоби газҳои гулхонаӣ коҳиш дода шавад ва барномаи густардаи кошти дарахт амалӣ гардад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп