76 миллион доллар арзиши табодулоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон
Октябр 27, 2021 10:07 Asia/Dushanbe
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ин кишвар бо Афғонистон 76 миллиону 700 ҳазор доллар табодулоти тиҷорӣ доштааст.
Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», 98 дарсад аз ин муомилоти тиҷорӣ саҳми содироти Тоҷикистон ба Афғонистон буда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 36 дарсад афзоиш доштааст.
Гуфта мешавад, ки ҳудуди 60 дарсади содироти Тоҷикистон ба Афғонистон семент, маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ будааст.
Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ арзиши кулли муомилоти тиҷории Тоҷикистон ба 4 миллиарду 600 миллион доллар расида, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 1 миллиарду 100 миллион доллар бештар аст.