Талоши Тоҷикистон ва Туркия барои афзоиши содирот
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76076-Талоши_Тоҷикистон_ва_Туркия_барои_афзоиши_содирот
Дар дидори мақомоти Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Душанбе  бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар таъкид шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 28, 2021 11:36 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон ва Туркия барои афзоиши содирот

Дар дидори мақомоти Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Душанбе  бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар таъкид шуд.

Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эмре Зеки Карагол, сафири Туркия дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Солеҳзода дар суханоне хотирнишон кард, ки тавсеаи ҳамкориҳои мутақобили сӯдманд бо Туркия дар авлавияти кишвараш қарор дорад.

Вай афзуд, ки тайи 9 моҳи имсол тиҷорати мутақобил байни ду кишвар 17 дарсад рушд доштааст.

Тарафайн ҳамчунин эҷоди гуруҳи корӣ барои омодасозии нақшаи роҳе барои афзоиши мубодилаи тиҷорӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистону Туркия аз дигар мавзӯоти мавриди баҳси тарафайн буд.

Бештар бихонед: