Ҳузури куштигирони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
Октябр 28, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
Аз 1 то 7 ноябр дар пойтахти Сербия, шаҳри Белград Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ (фарангӣ) миёни ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад.
Бино ба навиштаи сомонаи «Ховар», Ҳалимҷон Набизода, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки 620 нафар паҳлавонон аз 58 кишвар дар назар аст.
Вай афзуд, дар Мусобиқоти ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро се варзишгари шинохта- Муҳаммад Икромов (-57 кг), Мустафо Ахмедов (-70 кг) дар гӯштини озод ва Далер Ризозода (-77 кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ (фарангӣ) намояндагӣ мекунанд.
Барчасп