Октябр 28, 2021 13:57 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба суботи Афғонистон

Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост то иқдомоти фавриро барои тазмини сулҳу субот дар Афғонистон иттихоз кунад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дуюмин иҷлоси вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт, вазъияти душвори кунӯнии Афғонистон эҷоб мекунад, ки наздиктарин ҳамсоягон барои бозгардондани сулҳу субот дар ин кишвар талоши бештаре кунанд.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Тоҷикистон вазъияти душвори ин кишвар акнӯн ба яке аз ҳодтарин мушкилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ на танҳо барои мардуми Афғонистон табдил шудааст.

Вай таъкид кард, Тоҷикистон ҳар гӯна ҷиноят, қатл, ғорат ва озору азияти мардуми Афғонистонро маҳкӯм мекунад.

Муҳриддин изҳор кард, Тоҷикистон наметавонад дар ин даврони сахт нисбат ба таҳаввулоти Афғонистон бетараф бимонад, ҷое ки тамоми мардуми Афғонистон дар остонаи як фоҷеъаи инсонӣ қарор доранд.

Вай афзуд, Тоҷикистон ҳамвора аз барқарории сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят карда ва ба ин мавзеи худ пойбанд аст.

Дуюмин иҷлоси вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар қолаби 6+1 бо ҳузури Русия дар таърихи 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд.

 

Барчасп