Октябр 28, 2021 15:22 Asia/Dushanbe
  • Сохти пойгоҳи низомӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки Чин дар ҳоли сохти пойгоҳи вижае дар вилояти Бадахшон аст, аммо ин пойгоҳ мутааллиқ ба артиши Тоҷикистон хоҳад буд.

Ин пойгоҳи низомӣ дар пайи тасаллути Толибон бар Афғонистон  тавофуқ байни вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва вазорати амнияти Чин сохта мешавад.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ин пойгоҳ дар ҷамоати дараи Вахони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон сохта шудааст.

Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ гуфт, ин пойгоҳи вижа мутааллиқ ба нерӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ хоҳад буд.

Ба қавли ӯ, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ озоданд.

Азимзода афзуд, "Маблағи сохтмон 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ, пешбинӣ шудааст".

 

Барчасп