Октябр 29, 2021 21:02 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи роҳи бозсозишудаи Душанбе – Бохтар бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бозсозишудаи Душанбе ба Бохтарро ифтитоҳ кард.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон масиреро ифтитоҳ кард, ки тӯли он 75 километр аст ва барои бозсозии он 97 миллион доллар аз ҳисоби кумакҳои ройгони Бонки Рушди Осиё ва Сандуқи созмони ОПЕК харҷ шудааст.

Бозсозии масири Душанбе ба Бохтар ҳаракати васоили нақлияи борӣ ва мусофирбарӣ миёни пойтахти Тоҷикистон бо вилояти Хатлон то марзи Афғонистонро осон месозад.

Дар раванди бозсозии ин масир 4 пул ва 4 зергузар низ сохта шудааст.

Бозсозии ин роҳ аз соли 2017 оғоз шуда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп