Октябр 29, 2021 21:47 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Маскав блогери тоҷикро ба 10 моҳи зиндон маҳкум кард

Додгоҳ блоггери тоҷик ва як духтари русро ба иттиҳоми тавҳин ба арзишҳои мазҳабии мардуми Русия ба 10 моҳи зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши “Спутник”, Руслан Бобиев, блогери тоҷик ва ҳамроҳаш Анастасия Чистова барои аксе, ки дар назди калисои шаҳри Маскав гирифтанд, ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуданд.

Блогер аз Тоҷикистон Руслан Бобиев бо иттиҳоми таҳқири эҳсоси диндорон барои нашри акси акси ғайриахлоқӣ дар пасманзари калисои Василий, ба зиндон маҳкум шуд.

Бобиев ҳамакнун 10 моҳро дар зиндон сипарӣ мекунад. Ҳамзамон додгоҳ ҳамроҳи ӯ Анастасия Чистоваро низ айнан ба ҳамин муҳлат ба зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ муайян кард, ки онҳо ошкоро ба эҳсоси динии диндорон беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд.

Бобиев аз тариқи аксҳое, ки бо Анастасия Чистова дар либоси корманди пулис дар пеши ибодатгоҳи масеҳиён дар маркази Маскав гирифтааст, як мавриди ғайриахлоқиро ба намоиш гузошт, ки нашри он дар шабакаҳо шӯр барангехт. Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бо ҳабси блогер анҷомиданд.

Русдухтаре, ки ҳамроҳи Бобиев назди калисои Маскав акс гирифт, аз мардуми Русия узр пурсид.

Худи Бобиев дар як наворе зимни бозпурсияш бо узрхоҳӣ изҳор доштааст, ки дигар чунин корҳоро анҷом нахоҳад дод.

Ҳамчунин Чистова низ дар сафҳаи "Instagram"-и худ аз кулли ҷомеаи Русия узр пурсид. Ӯ изҳор дошт, ки танҳо шуҳрату маъруфият мехост, вале ҳоло арзиши чунин шуҳратро дарк кардааст.