Музеи миллии Тоҷикистон-мизбони намоишгоҳи фарҳанги буддоӣ
Намоишгоҳи "Осори фарҳанги буддоӣ" дар Музеи миллии Тоҷикистон гушоиш ёфт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намоишгоҳи “ Осори фарҳанги буддоӣ" дар Музеи миллии Тоҷикистон ба муносибати сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ва бистумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳ шуд .
Дар маросими ифтитоҳия сафирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, аз ҷумла Русия, Ҳинд, Афғонистон,Ҷопон, мудирияту коркунони Музеи миллӣ ва намояндагони Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон ширкат карданд.
Ин намоишгоҳ бо ҳузури ширкаткунандагони конфаронси байналмилалии “ Ҳунарҳои тазйинӣ дар кишварҳои ИДМ ” бо ҳузури 8 кишвари Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ифтитоҳ шуд.